"Чорунсур" бузургтарин асари мансури Мирзо Абдулқодири Бедил буда, дар баробари фаро гирифтани масъалаҳои гуногуни фалсафию ахлоқӣ ва адабию эстетикӣ маъхази муҳимми таърихию этнографӣ низ ба шумор меравад. Ин асар дар кори тадқиқ ва омўзиши аҳвол ва осори худи шоир низ аз манбаъҳои асосӣ маҳсуб мешавад.
コメント