ҚИССАИ ҲИНДУСТОН. (Силсилаи шеърҳо). БОЗГАШТ. Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан, Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан. Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он. Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан. Хешро мебинам акнун боз дар оғӯши ӯ, Боз мехонам суруди тозае дар гӯши ӯ, Боз мегирам нафас ман аз ҳавои беғубор, Боз менӯшам ман об аз чашмаи пурҷӯши ӯ.
コメント